Ҳалокати се нафар бар асари садамаҳои нақлиёт

Рӯзи гузашта се нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ зери чархи мошин монда, ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар километри 227-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд Бобо Муродови 48-сола зери чархи автомашинаи тамғаи «БМВ-520» таҳти идораи сокини 44-солаи шаҳри Истаравшан Дилором Отабекова монда, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ҳамон рӯз […]

ASIA-Plus


Рӯзи гузашта се нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ зери чархи мошин монда, ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар километри 227-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд Бобо Муродови 48-сола зери чархи автомашинаи тамғаи «БМВ-520» таҳти идораи сокини 44-солаи шаҳри Истаравшан Дилором Отабекова монда, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Панҷакент ронандаи трактори «Т-40», сокини 26-солаи ҷамоати Суҷина Суннатулло Бойназаров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо трактор Шоҳсанам Маҳмадисоеваи 18-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Ғайр аз ин, бар асари садамаи нақлиёте, ки дар кӯчаи ба номи Турсунзодаи пойтахт аз ҷониби ронандаи автомашинаи «Дэу», сокини 23-солаи шаҳри Норак ба вуқуъ пайваст, роҳгузар, сокини 16-солаи пойтахт Илҳом Одинаев ба ҳалокат расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.