Болоравии нархи орд дар пойтахти кишвар

Рӯзҳои ахир қимати як халта орд (50 кило) дар пойтахти кишвар аз 150 то ба 165 сомонӣ боло рафт. Тамоили мазкурро фурӯшандагон ба коҳиши воридоти орд аз Қазоқистон марбут медонанд. Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки имсол бинобар сабаби хушксолӣ дар ИМА ва як қатор кишварҳои Аврупои […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзҳои ахир қимати як халта орд (50 кило) дар пойтахти кишвар аз 150 то ба 165 сомонӣ боло рафт.

Тамоили мазкурро фурӯшандагон ба коҳиши воридоти орд аз Қазоқистон марбут медонанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки имсол бинобар сабаби хушксолӣ дар ИМА ва як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар саросари дунё тамоили афзоиши қимати зироати ғалладона ва мутаносибан орд низ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, нархҳо ба ин маҳсулот дар Қазоқистон, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо орд аст, низ рӯ ба афзоиш аст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо зикр карданд, ки болоравии қимати орд ва зироати ғалладона дар Қазоқистон ахири моҳи июл оғоз гардида, ин ба Тоҷикистон низ таъсир гузошт.

То анҷоми моҳи Рамазон нархи як халта орд дар Тоҷикистон аз 110 то 130 сомониро ташкил медод. Баъди моҳи Рамазон нархҳо тадриҷан рӯ ба афзоиш ниҳода, дар ибтидои даҳаи ахири моҳи август ин нишондиҳанда аллакай ба 130-150 сомонӣ баробар шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди ҳукумати ҶТ, моҳи июли соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 6,5 млн. доллари ИМА каме бештар аз 19,7 ҳазор тонна ва моҳи август ба маблағи 7,5 млн. доллари ИМА ҳудуди 22 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст.

Ба таври дигар метавон гуфт, ки агар моҳи июл як тонна орд ҳудуди 330 доллари ИМА қимат дошт, пас моҳи август он ба 340 доллари ИМА расид. Ҳамин тариқ, моҳи август арзиши як халта орд ба воридкунандагони ин навъи маҳсулот ба Тоҷикистон ба 80 сомонӣ рост омадааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.