Боздиди сардори идораи минтақавии USAID аз Тоҷикистон

Сардори идораи минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Осиёи Миёна хонум Эрин Элизабет МакКи  бо сафари хотимавии худ дар минтақа ба Тоҷикистон ташриф овард. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, хонум МакКи ва директори нави USAID дар Тоҷикистон хонум Кэтлин МакДоналд  дар  маросими ифтитоҳи системаи нави обгармкунакҳои  офтобӣ дар мактаб- […]

ASIA-Plus


Сардори идораи минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Осиёи Миёна хонум Эрин Элизабет МакКи  бо сафари хотимавии худ дар минтақа ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, хонум МакКи ва директори нави USAID дар Тоҷикистон хонум Кэтлин МакДоналд  дар  маросими ифтитоҳи системаи нави обгармкунакҳои  офтобӣ дар мактаб- интернати №4 шаҳри Душанбе, ширкат варзиданд.  Зерлоиҳаи мазкур дар доираи  лоиҳаи  USAID «Баланд бардоштани  самаранокии истифодаи энергия»  дар биноҳои  истиқоматии  шаҳри Душанбе»  якҷоя бо Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ ва дар ҳамкории зич бо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  амалӣ гардидааст.  Лоиҳаи мазкур  бо мақсади такмил додани  системаи гармкунӣ  ва коҳиш додани талафоти зиёди энергия   дар мавсими зимистон, истифода  кардани имкониятҳои  васеи  технологияҳои энергиясарфакунанда ва манбаъҳои энергияи барқароршавандаро  нишон  медиҳад.

Хонум МакКи инчунин ба суханҳои ҷаноби Буриев Неъматҷон, мушовири калони президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ хамрох шуда, ба иштирокчиёни барномаи рушди маҳал, ки тайи се соли охир бахри беҳтар намудани системаҳои оби тоза ва ҷамъоварии партавҳо равона шуда буд, изҳори минатдорӣ намуд  

Дар давоми се соли охир, USAID 57 системаҳои обтаъминкунӣ сохта барқарор намудааст, ки онҳо 190,000 нафарро дар саросари Тоҷикистон бо оби  тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.

Хонум МакКӣ дар маъракаи мазкур иштирок намуда, нақши лоиҳаи USAID “Таълими босифат”-ро, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва шарикони он ба беҳтар намудани барномаҳои мактабӣ, омӯзиши касбии муаллимон, инчунин азнавсозиимаводи таълимию методӣ  равона шудааст, таъкид намуд. USAID рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда  ин лоиҳаро бо  барномаи нави ду-сола “Хониш барои кӯдакон” дар зинаи таҳсилоти томактабӣпурра хоҳад кард.

МакКӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, “Ҳамкории дуҷониба ва дастгирӣ ба комёбии барномаҳои мо мусоидат намуда, ба ҳамаи мо ояндаи устувор ва равшанро таъмин менамоянд.”

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳое,   ки институтҳои демократӣ, рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва иқтисодро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд,  зиеда аз 984 миллион доллар ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.