Бег Зуҳуров: Провайдерон мустақилона дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс»-ро қатъ карданд

Пас аз қатъи қариб думоҳаи дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон, имрӯз як қатор ширкатҳои фароҳамгари Иннтернет дастрасӣ ба онро барқарор намуданд. Айни замон мавҷуд будани супориши расмии Хадамоти алоқа дар ин хусус маълум нест, зеро ба огаҳии ОИ «Азия-Плюс», ҳеҷ кадоме аз ширкатҳои фароҳамози интернет онро нагирифтааст. Ба ҳар ҳол, дар мусоҳиба ба радиои […]

ASIA-Plus


Пас аз қатъи қариб думоҳаи дастрасӣ ба сомонаи «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон, имрӯз як қатор ширкатҳои фароҳамгари Иннтернет дастрасӣ ба онро барқарор намуданд.

Айни замон мавҷуд будани супориши расмии Хадамоти алоқа дар ин хусус маълум нест, зеро ба огаҳии ОИ «Азия-Плюс», ҳеҷ кадоме аз ширкатҳои фароҳамози интернет онро нагирифтааст.

Ба ҳар ҳол, дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров изҳор кардааст, ки барои барқарор намудани дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» дастур додаааст. «Акнун вақти он аст, ки ин торнамо бамаънӣ бошад ва аз пайи ҳаргуна  танқидҳои ноҷо наравад, – гуфтааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» Бег Зуҳуров гуфт, ҷиҳати қатъи дастрасӣ ба ин сомона ҳеҷ супорише надодааст. «Мо гурӯҳе дорем, ки бо сомонаҳои дорои маводи номатлуб сарукор доранд, вале торнамои шумо ба ин рӯйхат шомил нест», – иброз дошт Зуҳуров.

Ба қавли номбурда, сомонаи «Азия-Плюс»-ро ширкатҳои фароҳамсози Интернет ё худ провайдерон мустақилона бастаанд. «Барои муайян кардани сабаби бидуни асосе қатъ кардани дастрасӣ ба ин сомонаи иҷтимоӣ, ман бо ин ширкатҳо гуфтушунид хоҳам кард», – ваъда дод Зуҳуров.

Ёдрас мекунем, ки тайи се моҳи ахир дастрасӣ ба сомонаи ОИ «Азия-Плюс» – www.news.tj (

www.asiaplus.news

) се маротиба қатъ гардида, ду дафъаи аввал дастрасӣ баъди як шабонарӯз дубора барқарор гардида буд.

Дар худи идораи ОИ «Азия-Плюс» дастрасӣ ба сомона алҳол тавассути домени нав – www.asia-plus.tj имконпазир аст, вале аксари пас аз фаъол шудани он, аксари провайдерон дарҳол дастрасӣ бо ин нишонаро низ қатъ намуданд.

Дар Тоҷикистон ҳамоно дастрасӣ ба видео-хостини бузург Youtube ва чанде аз сомонаҳои Русия ғайриимкон аст. Торнамои ОИ Tojnews низ ба сафи сомонаҳои дасрасиашон имконнопазир шомил гардид.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.