Ифтитоҳи нахустин Маркази бозомӯзии имомхатибон дар Тоҷикистон

Ба хотири баланд бардоштани сатҳи дониши динӣ ва дунявии имомхатибони ҷумҳурӣ дар назди Маркази исломии Тоҷикистон Маркази бозомӯзии имомхатибон таъсис дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор кард, ки омӯзиш дар марказ дар се гуруҳ ба роҳ монда мешавад. «Ба гуруҳи аввал ҷавонони дорои номаи камол бо супоридани имтиҳон […]

Меҳрангез Турсунзода


Ба хотири баланд бардоштани сатҳи дониши динӣ ва дунявии имомхатибони ҷумҳурӣ дар назди Маркази исломии Тоҷикистон Маркази бозомӯзии имомхатибон таъсис дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор кард, ки омӯзиш дар марказ дар се гуруҳ ба роҳ монда мешавад. «Ба гуруҳи аввал ҷавонони дорои номаи камол бо супоридани имтиҳон қабул карда шуда, дар баробари омӯзиши асосҳои динӣ, дар муддати се сол онҳо ҳамчунин ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ низ фаро гирифта хоҳанд шуд, – гуфт ӯ. – Дар гуруҳи дуюм имомхатибони амалкунанда муддати аз 20 рӯз то як моҳ мавриди бозомӯзӣ қарор гирифта, дар гуруҳи сеюм афроди синнусоли гуногун муддати шаш моҳ ба таҳсил машғул хоҳанд гардид».

Абдуқодирзода ҳамчунин гуфт, таъсиси марказ бо ташаббуси чанде аз соҳибкорон амалӣ гардида, онҳо минбаъд низ ба фаъолияти марказ кӯмак хоҳанд расонид.

Маркази мазкур аз қайди давлатии ваколатдор оид ба корҳои дин гузашта тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба фаъолият шуруъ намудан омода шудааст. Бояд зикр намуд, ки чунин Марказҳо дар аксари кишварҳои тараққикардаи дунё, аз  ҷумла Туркия амал мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.