Чанде қабл таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Ситод оид ба таҳқиқу баррасӣ ва бартарафсозии оқибатҳои сӯхтори шоми 5 сентябри соли 2012 дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон» баамаломада баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, зимни баррасии фаъолияти Ситод дар даҳрӯзаи аввал раиси пойтахт ба масоили роҳандозии дастгириҳои иҷтимоӣ аз ҷониби бонкҳои қарздода ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор оид ба дар муҳлатҳои муқаррарӣ ба анҷом расонидани ташхиси сабаб ва оқибатҳои сӯхтор ва ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари сӯхтор дар бозори «Корвон» санаи 5-уми сентябри соли равон ҳудуди 2 ҳазор нафар соҳибкорон осеб дида, тибқи маълумоти расмӣ як нафар ба ҳалокат расид.
Бо супориши раиси пойтахт барои ошкор сохтани сабабҳои сӯхтор ва муайян кардани ҳаҷми хисороти расида таҳти роҳбарии муовини прокурои генералии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидов комиссия таъсис дода шуда, ба ҳайати он кормандони КДАМ, ВКД, Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони тоҷирони осебдида шомил гардиданд.



