Ҷаласаи Ситоди таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор дар бозори «Корвон»

Чанде қабл таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Ситод оид ба таҳқиқу баррасӣ ва бартарафсозии оқибатҳои  сӯхтори шоми 5 сентябри соли 2012 дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон» баамаломада баргузор гардид. Тавре аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, зимни баррасии фаъолияти Ситод дар даҳрӯзаи аввал раиси пойтахт ба масоили роҳандозии дастгириҳои иҷтимоӣ аз ҷониби […]

ASIA-Plus


Чанде қабл таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Ситод оид ба таҳқиқу баррасӣ ва бартарафсозии оқибатҳои  сӯхтори шоми 5 сентябри соли 2012 дар бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Бозори Корвон» баамаломада баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, зимни баррасии фаъолияти Ситод дар даҳрӯзаи аввал раиси пойтахт ба масоили роҳандозии дастгириҳои иҷтимоӣ аз ҷониби бонкҳои қарздода ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор оид ба дар муҳлатҳои муқаррарӣ ба анҷом расонидани ташхиси сабаб ва оқибатҳои сӯхтор ва ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари сӯхтор дар бозори «Корвон» санаи 5-уми сентябри соли равон ҳудуди 2 ҳазор нафар соҳибкорон осеб дида, тибқи маълумоти расмӣ як нафар ба ҳалокат расид.

Бо супориши раиси пойтахт барои ошкор сохтани сабабҳои сӯхтор ва муайян кардани ҳаҷми хисороти расида таҳти роҳбарии муовини прокурои генералии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидов комиссия таъсис дода шуда, ба ҳайати он кормандони КДАМ, ВКД, Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони тоҷирони осебдида шомил гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?