Коҳиши шумори макотиби олӣ дар Русия ба 700 нафар донишҷӯён-технологҳо аз Кӯлоб бетаъсир хоҳад буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи рушди иқтисодӣ ва инноватсияи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб Алмосшо Шоев хабар дод, дар донишгоҳҳои технологӣ ва академияҳои кишоварзии шаҳрҳои Иваново, Воронеж ва Костромаи Русия, ки донишҷӯёни тоҷик тибқи роҳхати филиал асосан дар ин макотиби олӣ машғули таҳсиланд, дар сохтори худ як қатор навгониҳо ҷорӣ намуда, азнавсозии иловагӣ дар онҳо дигар пешбинӣ намегардад. «Соли равон мо ба ин донишгоҳҳо боз 200 нафар донишҷӯёнро фиристодем», – гуфт ӯ.
Номбурда изҳор кард, ки соли равон 80 нафар донишҷӯёни Кӯлоб ин макотиби олии зикршудаи Русияро хатм намуда, ҳамчунин таҳсили донишҷӯён дар факултаи муштараки Тоҷикистону Русия дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб мувафақона идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки то ахири сол макотиби олиеро, ки фаъолияти пурсамар надоранд, мебояд ошкор сохт ва барномаи азнавсозӣ ё ҳамроҳшавии онҳо ба дигар макотиби олии бузургтарро то моҳи майи соли 2013 таҳия ва тасдиқ намуд.


