Мусобиқот барои дарёфти ҷоизаи Зебуннисо Рустамова дар Суғд

Рӯзи 11-уми октябр дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқоти камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Зебуннисо Рустамова оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» президенти Федератсияи камонварии ҷумҳурӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Алиаҳмад Мирзоев хабар дод, ин мусобиқот маротибаи чорум доир гардида, байнулмилалӣ аст. Мусобиқоти нахустин соли […]

Сайфиддин Қараев


Рӯзи 11-уми октябр дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқоти камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Зебуннисо Рустамова оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» президенти Федератсияи камонварии ҷумҳурӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Алиаҳмад Мирзоев хабар дод, ин мусобиқот маротибаи чорум доир гардида, байнулмилалӣ аст. Мусобиқоти нахустин соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Ба қавли ӯ, айни замон кумитаи тадорукоти мусобиқот масъалаи даъвати варзишгарон аз Эрон ва кишварҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказиро мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. «Камонварон дар машқи М1 дар масофаҳои 30, 50, 70 ва 90 метр барои мардон ва 30, 50, 60 ва 70 метр барои занон қувваозмоӣ хоҳанд кард», – афзуд номбурда.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Зебуннисо Рустамова дар ин робита изҳор кард, ки шахсан ба корҳои омодагии ин мусобиқот машғул набуда, вале бар ин назар аст, ки варзиш воситаи беҳтарини таблиғи тарзи ҳаёти солмим миёни ҷавонон аст.

«Мусобиқоти камонварии мазкур натанҳо ба кашфи истеъдоду қобилиятҳои нав дар ин намуди варзиш кӯмак мерасонад, балки барои таблиғи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ миёни аҳолӣ намунаи ибратомез хоҳад буд», – мутмаин аст З.Рустамова.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.