Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои харидории 150 адад автобуси мусофиркаши хурдҳаҷм тендер барпо мекунад.
Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, автобусҳо бояд ба талаботи стандарти экологии на камтар аз «Евро-3» ҷавобгӯ буда, мӯҳлати истифодаи кафолатӣ на камтар аз 2 сол ва мутобиқ ба иқлими Тоҷикистон бошанд. Ба автобусҳое, ки аз сӯзишвории дизелӣ истифода мекунанд, афзалият дода мешавад. Харидории автобусҳо бо истифода аз бензин ва гази моеъ низ истисно нест.
Аризаҳо баҳри иштирок дар тендер аз 1 то 10-уми октябр қабул гардида, натиҷаҳои он рӯзи 11-уми октябр ҷамъбаст карда мешаванд.


