Ҳалокати се тан бар асари ба ҷарӣ сарозер рафтани «Опел»

Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ се нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шоми рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон, тахминан соатҳои 21:00 дар километри 90-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар қаламрави деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи сокини 35-солаи шаҳри […]

Мавлуда Рафиева


Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ се нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шоми рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон, тахминан соатҳои 21:00 дар километри 90-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар қаламрави деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи сокини 35-солаи шаҳри Душанбе Баҳром Афғонов ба садамаи нақлиёт дучор гардида, ба ҷарии 200-метра сарозер меравад.

«Бар асари садама ронандаи автомашина ва мусофирони он – сокини 54-солаи совхози «Варзоб»-и ноҳияи Рӯдакӣ Бибимайсара Ашӯрова ва сокини 25-солаи ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара Мирдалер Обидов аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд», – гуфтанд дар раёсати ВКД.

Бино ба маълумоти Шуъбаи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 207 ҳодисаи (ҳамин давраи соли 2011 – 222 ҳодиса) садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 97 нафар (соли 2011 – 104 нафар) ҳалок ва 218 тан (соли 2011 – 225 тан) ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамчунин рӯзи панҷшанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ боз як автомашинаи тамғаи «Опел» дучори садама гардид. Дар километри 210-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ҷиргатол ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Абдуҷалол Каримов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш ноболиғонро пахш мекунад. Дар натиҷа Муҳаммади Мустафои 9-сола ва Идибек Хушвақтови 12-сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.