Афзоиши ду баробари истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон

Соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳаҷми истихроҷ аз нақшаи пешбинишуда ба андозаи 125 ҳазор тонна ё худ 75% бештар мебошад. Қобили зикр аст, ки дар навбати […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳаҷми истихроҷ аз нақшаи пешбинишуда ба андозаи 125 ҳазор тонна ё худ 75% бештар мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар навбати аввал муассисаҳои бахши маорифу тандурустӣ ва ҳамчунин дигар соҳаҳои иҷтимоӣ бо ангишт таъмин карда мешаванд.

Миёни корхонаҳои бузурги саноатӣ ангишт асосан аз ҷониби Корхонаи алюминии Тоҷикистон (беш аз 10 ҳазор тонна), корхонаи истеҳсоли зарфҳои шишагии Қайроққум (8,3 ҳазор тонна) ва Корхонаи истеҳсоли сементи шахри Сарбанд (700 тонна) харидорӣ мешавад.

Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 1,7 ҳазор нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунанд. Феълан дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши ангишт 34 ҳазор тонна ангишт захира шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳаҷми бештари ангишт дар конҳои Фон-Яғноб, Вуромун, Шӯроб, Зиддӣ, Сайёд ва Шӯробод истихроҷ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.