Сафири нави Украина ба Душанбе омад

Date:


Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров аз сафири нави Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк нусхаи эътимоднома қабул кард.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти сӯҳбат тарафҳо оид ба масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳарду кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун табодули назар намудаанд.

Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ изҳори умедворӣ намуд, ки сафири кишвари дӯст дар рафти адои вазифаи худ барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Украина саҳми сазовор хоҳад гузошт.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related