Парвози ҳаҷравандагон аз Тоҷикистон ба Арабистони Саъудӣ аз 29-уми сентябри соли ҷорӣ оғоз шуда, 11-уми ноябр ба поён мерасад. Аввалин парвози зоирини тоҷик ба вақти маҳаллӣ аз соати 04.40 субҳи рӯзи 29-уми сентябр буда, соати 08.10 дар ш.Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ фуруд меоянд.
Тавре ба islamnews.tj аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, соли равон тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зиёрати макони муқаддаси исломро ихтиёр кардаанд, бо сарулибос ва лавозимоти зарурии адои маросими ҳаҷ таъмин карда шудаанд. «Шиносномаву асноди дигари зарурӣ рӯзи парвоз ба Ҷидда ба зойирин супурда хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.
Соли равон Ситод оид ба ҳаҷро муовини аввали раиси Кумитаи умури дин Ҷумъахон Ғиёсов роҳбарӣ мекунад. Сардори шуъбаи ҳаҷ ва муносибатҳои байнулмилалии кумитаи мазкур Абдуғаффор Юсуфов ба гурӯҳҳои зойирини тоҷик дар шаҳрҳои Маккаву Мадина сарварӣ хоҳад намуд. Муовини аввали раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Абдулбасир Саидов маъруф ба Эшони Абдулбасир масъули фатво дар тамоми давраи маросими адои ҳаҷ таъин шудааст.
Бори нахуст зойирин на дар Маркази исломии Тоҷикистон, балки бевосита дар фурудгоҳ се соат қабл аз парвоз аз қайд мегузаранд. Дар робита ба ин масъала котиби матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев изҳор кард, ки ин тасмим ба он хотир гирифта шудааст, ки дар Маркази исломӣ аз қайд гузаштани зойирин ба тамоми хадамоти масъули парвоз мушкилиҳо пеш меовард.
М.Шодиев зикр кард, ки дар рӯзҳои парвози зойирини тоҷик ба ҳаҷ фурудгоҳ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият намуда, ба зойирин барои аз қайд гузаштан як ҷойи махсусе таъин мегардад, то ки ба мусояирони дигар хатсайрҳо мушкилот эҷод нагардад, зеро барои гусели зойирин афроди зиёде ба фурудгоҳ меоянд. «Ҳамчунин фурудгоҳ ва қаламрави гирду атрофи он таҳти назорати ҷиддии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор хоҳад гирифт», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо намуд. Соли равон қимати зиёрати Хонаи Худо барои зойирини тоҷик 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.


