И.Шарифов: Сардори муассисаи ислоҳии №1 аз мансаб сабукдӯш мешавад

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия Иззатулло Шарифов ба наздикони Ҳамза Икромзодаи ҳалокшуда ваъда кард, ки сарфи назар аз натиҷаҳои ташхиси тиббӣ, сардори муаасисаи ислоҳии №1 Рустам Тоштемиров аз мансаб сабукдӯш мегардад. Наздикони Ҳ.Икромзода дар назди бинои сарраёсати мазкур ҷамъ омада, талаб карданд, ки сабабҳои марги ӯ дақиқона мавриди тафтишот қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазо дода […]

Маҳпора Киромова


Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия Иззатулло Шарифов ба наздикони Ҳамза Икромзодаи ҳалокшуда ваъда кард, ки сарфи назар аз натиҷаҳои ташхиси тиббӣ, сардори муаасисаи ислоҳии №1 Рустам Тоштемиров аз мансаб сабукдӯш мегардад.

Наздикони Ҳ.Икромзода дар назди бинои сарраёсати мазкур ҷамъ омада, талаб карданд, ки сабабҳои марги ӯ дақиқона мавриди тафтишот қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазо дода шаванд.

Хешовандони ҳалокшуда бар ин назаранд, ки ӯ дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифта, осори захм ва луту кӯб дар ҷисмаш ба он гувоҳӣ медиҳанд.

Табиби муассисаи ислоҳӣ Абдуҳаким Тугаев дар робита ба ин масъала ба намояндагони ВАО изҳор дошт, ки ба ҳалокшуда ёрии аввалини тиббӣ расонида, ба баданаш зарфҳои оби гарм мондааст. «Ман дар бадани Ҳамза Икромзода осори сӯхтаро мушоҳида накардам», – гуфт ӯ.

Қаблан падари марҳум Файзалӣ Икромов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки тавассути ВАО ба президенти кишвар муроҷиат карда, аз ӯ дархост менамояд, ки гунаҳкорони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. «Мо комилан ба адолати президент бовар дошта, мутмаинем, ки ӯ мо, волидайни марҳумро аз умеди охирини беҷазо нагузоштани гунаҳкорон маҳрум нахоҳад кард», – гуфта буд Икромов.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 20-уми сентябр маҳкумшуда Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба ҳалокат расид.

Соли 2010 Ҳамза Икромзода ба муддати 11 соли зиндон маҳкум гардида буд. Минбаъд бо истифода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ то 8 сол кам карда шуд. Рӯзи 21-уми сентябр ҷасади марҳум дар зодгоҳаш, деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.