Прокуратураи генералӣ сабабҳои марги маҳбусро таҳқиқ мекунад

Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва иҷрои ҷазои Прокуратураи генералии ҶТ Раҳматулло Холов ба наздикони Ҳамза Икромзода, ки дар зиндон бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум ба ҳалокат расид, изҳор доштааст, ки сабабҳои марги маҳбус дақиқона мавриди санҷиш қарор гирифта, гунаҳкорон ҳатман ҷазо дода мешаванд. Наздикони Ҳамза Икромзода дар назди бинои Прокуратураи генералӣ […]

Маҳпора Киромова


Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва иҷрои ҷазои Прокуратураи генералии ҶТ Раҳматулло Холов ба наздикони Ҳамза Икромзода, ки дар зиндон бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум ба ҳалокат расид, изҳор доштааст, ки сабабҳои марги маҳбус дақиқона мавриди санҷиш қарор гирифта, гунаҳкорон ҳатман ҷазо дода мешаванд.

Наздикони Ҳамза Икромзода дар назди бинои Прокуратураи генералӣ ҷамъ омада, ба прокурори генералӣ муроҷиат карданӣ шудаанд. Аризаи онҳоро Раҳматулло Холов қабул намуда, изҳор доштааст, ки чанде қабл дар робита ба ин масъала машварати таъҷилӣ доир гардида, ӯ бевосита вазифадор шудааст, ки сабабҳои марги Ҳ.Икромзодаро мӯшикофона таҳқиқ намояд.

Қаблан сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия Иззатулло Шарифов ба наздикони Ҳамза Икромзодаи ҳалокшуда ваъда кард,ки сарфи назар аз натиҷаҳои ташхиси тиббӣ, сардори муаасисаи ислоҳотиии №1 Рустам Тоштемиров аз мансаб сабукдӯш мегардад.

Дар робита ба ин қазия модари маҳбуси ҳалокшуда чунин изҳор кард: «Қотилони писари ман маълуманд. Инҳо Рустам Тоштемиров ва чанде аз кормандони муассисаи ислоҳотӣ мебошанд. Маҳбусони муассиса ба ин шоҳиданд ва агар онҳо моро аз ин ҳодиса хабардор намекарданд, шояд мо ҷисми ӯро ҳам намедидем. Тоштемиров моро аз марги писарамон огоҳ накарда, ҳатто ба маросими дафнаш наомад. Мегӯянд, ки ӯ худро ба куртааш овехта, ҳалок шуд, вале дар гардану дастони ӯ осори захмҳои сим аён буд».

Модари Икромзода мегӯяд, то гунаҳкорони марги писарашро ҷазо надиҳанд, ӯ ором нахоҳад буд. «Рустам Тоштемировро аз мансаб сабукдӯш мекунанд ва ӯ ҷойи дигаре боз кор меёбад. Гунаҳкорон бояд аз рӯйи қонун ҷазо дода шаванд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 20-уми сентябр маҳкумшуда Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба ҳалокат расид.

Соли 2010 Ҳамза Икромзода ба муддати 11 соли зиндон маҳкум гардида буд. Минбаъд бо истифода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ то 8 сол кам гардида буд. Рӯзи 21-уми сентябр ҷасади марҳум дар зодгоҳаш, деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.