Пули нақди сомонӣ дар гардиш 370 млн. сомонӣ афзуд

Date:


Ҳаҷми пулҳои нақди сомонӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар муомилот қарор доранд, ба андозаи 370 млн. сомонӣ зиёд шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳанӯз моҳи январ ҳаҷми маблағи пули нақди дар гардиш қарордошта 2 млрд. 980 млн. сомониро ташкил дода, моҳи март ба миқдори зиёда аз 10 млн. сомонӣ коҳиш ба қайд гирифта шуд, вале имрӯз ин ҳаҷм аллакай 3 млрд. 350 млн. сомониро ташкил медиҳад.

«Ҳаҷми воситаҳои нақдии гардиш аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла сармоягузориҳо, қарз, ба муомилот баровардани пулҳои нақди нав ва интиқоли маблағҳои пулӣ зиёд мешавад», – гуфтанд дар БМТ.

Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» Константин Бондаренко сабаби ин вазъро ба пардохти маош аз ҷониби корхонаҳо ва хизматгузориҳо аз ҷониби қисмате аз аҳолӣ бо пули нақд, афзоиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ва зиёд шудани миқдори ба муомилот баровардашудаи пули нақд аз ҷониби Бонки миллӣ нисбат медиҳад.

Коршиноси бахши бонкӣ Баҳром Шарифов бо такя ба маълумоти Бонки миллӣ дар бораи миқдори пули нақд дар ҳаҷми зиёда аз 5 млрд. сомонӣ, ки 70%-и миқдори умумии пулро ташкил медиҳанд, изҳори нигаронӣ мекунад.

«Ин асоси таваррум аст. Дар Аврупо муомилоти пули нақд на бештар аз 10-15% аз миқдори умумии пул аст. То чӣ қадре ки пули нақд дар муомилот камтар бошад, ҳамон қадр иқтисод устувор хоҳад буд», – гуфт ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...