Чорабинии ҲНИТ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ният дорад, ки ба муносибати таҷли иди касбии омӯзгорон як чорабинӣ доир намояд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб, вакили парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита изҳор дошт, ки чорабинӣ рӯзи 6-уми октябр дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор шуда, беҳбуди ҳамкории мутақобилаи мактабу дин дар таълими насли наврас […]


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ният дорад, ки ба муносибати таҷли иди касбии омӯзгорон як чорабинӣ доир намояд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб, вакили парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита изҳор дошт, ки чорабинӣ рӯзи 6-уми октябр дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор шуда, беҳбуди ҳамкории мутақобилаи мактабу дин дар таълими насли наврас аз ҷумлаи ҳадафҳои он мебошад.

«Мо ҳама як ҳадаф дорем, ки он ҳам тарбияи насли навраси саводноку бомаърифат ва хушахлоқ аст», – зикр кард раиси ҲНИТ.

Ба гуфтаи ӯ ба чорабинӣ омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, намояндагони Вазорати маориф, мақомоти расмии динӣ ва волидайни толибилмон даъват шудаанд.

«Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки то чорабинӣ номзади арзанда, собиқадори бахши маорифро муайян намуда, ба ӯ аз номи ҳизб туҳфаи хотиравӣ тақдим кунем», – афзуд М.Кабирӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.