Қатъи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон


Пас аз эҳсоси камбуди нерӯи барқ дар дохили ҷумҳурӣ ШСХК «Барқи тоҷик» интиқоли он ба Афғонистонро қатъ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, бо оғози истифодаи захираҳои обанбори нерӯгоҳи «Норак» содироти барқ ба Афғонистон, ки тавассути хати интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» дар мавсими тобистон амалӣ мегардид, боздошта шуд.

«Айни замон тариқи хати интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» шабонарӯзӣ 1-1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол мегардад, ки танҳо барои нигоҳдошти зербино пешбинӣ шудааст, яъне то ки симчӯбҳову сим ва дигар таҷҳизот дуздида нашаванд», – гуфт ӯ.

То ин замон ширкати «Барқи тоҷик» ба манотиқи шимоли Афғонистон шабонарӯзӣ 3,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медод. Дар мавсими тобистони гузашта ширкат ба сурати умум тақрибан 450 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба Афғоистон интиқол додааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз 7-уми октябр дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид. Айни замон манотиқи ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 14 соат – аз соати 4 то 10-и субҳ ва аз 16 то 24 шом бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ба шаҳру марказҳои ноҳия нерӯи барқ алҳол мунтазам интиқол дода мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное