Қатъи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон

Пас аз эҳсоси камбуди нерӯи барқ дар дохили ҷумҳурӣ ШСХК «Барқи тоҷик» интиқоли он ба Афғонистонро қатъ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, бо оғози истифодаи захираҳои обанбори нерӯгоҳи «Норак» содироти барқ ба Афғонистон, ки тавассути хати интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» дар мавсими тобистон амалӣ мегардид, боздошта […]


Пас аз эҳсоси камбуди нерӯи барқ дар дохили ҷумҳурӣ ШСХК «Барқи тоҷик» интиқоли он ба Афғонистонро қатъ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, бо оғози истифодаи захираҳои обанбори нерӯгоҳи «Норак» содироти барқ ба Афғонистон, ки тавассути хати интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» дар мавсими тобистон амалӣ мегардид, боздошта шуд.

«Айни замон тариқи хати интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» шабонарӯзӣ 1-1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол мегардад, ки танҳо барои нигоҳдошти зербино пешбинӣ шудааст, яъне то ки симчӯбҳову сим ва дигар таҷҳизот дуздида нашаванд», – гуфт ӯ.

То ин замон ширкати «Барқи тоҷик» ба манотиқи шимоли Афғонистон шабонарӯзӣ 3,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медод. Дар мавсими тобистони гузашта ширкат ба сурати умум тақрибан 450 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба Афғоистон интиқол додааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз 7-уми октябр дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид. Айни замон манотиқи ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 14 соат – аз соати 4 то 10-и субҳ ва аз 16 то 24 шом бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ба шаҳру марказҳои ноҳия нерӯи барқ алҳол мунтазам интиқол дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Wildberries тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад: зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.