Талоши табибон баҳри наҷоти биноии Барзу Абдураззоқов

Date:


Коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқовро хатари маҳрумият аз биноӣ таҳдид мекунад. Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» номбурда гуфт, бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 10-уми октябр зарбу лат хӯрдаву чашмонаш низ осеб дидаанд.

«Ҳангоми сабз будани чароғаки светофор ман аз роҳгузари назди бинои телевизони «Сафина» мегузаштам, ки ин дам ба ман автомашинаи «ба тӯй саросема» бархӯрд. Ман ба оинаи пеши автомашина бархӯрда, якчанд метр ба қафо партофта шудам. Моликони мошин маро ба беморхона бурданд», – гуфт вай.

Ба қавли коргардон, муддати чанд рӯзи пас аз садама нури чашмони ӯ бо суръати хеле зиёд паст шуда, санҷиш нишон додааст, ки биноии чашми рости ӯ ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳад ва агар фавран муолиҷа оғоз нагардад, метавонад аз чашми чапаш ҳам маҳрум гардад.

Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ба ронанда ҳеҷ даъвое надорад. «Ӯ ба тӯйи бародараш маҳсулот мебурд ва шитоб дошт. Онҳо маро партофта нарафтанд, вале баъдтар ҳангоме ҳамсарам баъзе чизҳоро мушаххас карданӣ шуд, ба зангҳи телефонӣ посух надоданд», – афзуд номбурда. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...