Муттаҳидии демократҳои Хатлон ва тақозои даъвати анҷумани ғайринавбатӣ

Дар маҷлиси Ҳизби демократии Тоҷикистон бо иштироки ду ҷиноҳи ҳизб, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид, дар бораи муттаҳидии ду ҷиноҳи ҳизб тасмим гирифта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши Ҳизби демократи вилоят (ҷиноҳи Маҳмадрӯӣ Искандаров) Гулнора Ғозиева иттилоъ дод, дар маҷлис вазъи кунунӣ дар ҳизб, ки «аз он роҳбарони […]

Сайраҳмон Назриев


Дар маҷлиси Ҳизби демократии Тоҷикистон бо иштироки ду ҷиноҳи ҳизб, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид, дар бораи муттаҳидии ду ҷиноҳи ҳизб тасмим гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши Ҳизби демократи вилоят (ҷиноҳи Маҳмадрӯӣ Искандаров) Гулнора Ғозиева иттилоъ дод, дар маҷлис вазъи кунунӣ дар ҳизб, ки «аз он роҳбарони ҳарду ҷиноҳи ҲДТ дар минтақа қаноатманд нестанд», баррасӣ шуд.

Ба қавли ӯ, дар маҷлис дар мавриди муттаҳид намудани ду ҷиноҳи ҳизб (ҷиноҳи Искандаров ва ҳизби расман сабтиномшуда таҳти сарварии Масъуд Собиров) дар Хатлон қарор қабул карда шуд.

Ғозиева мегӯяд, пас аз баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ «бо мақсади муттаҳид шудани Ҳизби демократи Тоҷикистон» дар хусуси созмон додани анҷумани ғайринавбатии ҳизб тасмим гирифта шуд.

Ҳамрохон Сафаров, раиси ҲДТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷиноҳи М.Собиров, ба ОИ «Азия-Плюс» гуфтаҳои Ғозиеваро тасдиқ намуда, изҳор кард, ки «солҳои тӯлонист, ки вазъи мавҷуда дар ҳизб ҳамаи демократҳоро нигарон сохтааст». «Чунин вазъ моро водор сохт, ки сари миз гирдиҳам омада, оид ба тақдири минбаъдаи ҲДТ тадбир биандешем», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, ба мақомоти раҳбарии феълии Ҳизби демократ ба субот овардани вазъи дохилиҳизбӣ ва муттаҳид сохтани аъзои он муяссар нагардид. «Мо аз фаъолияти Масъуд Собиров ҳамчуни роҳбари ҲДТ қаноатманд нестем ва баҳри ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда дар ҳизб созмон додани анҷумани ғайринавбатиро тақозо дорем», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.