Афзоиши ду баробари ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон

Date:


Соли равон ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ду маротиба афзуда, то 515 ҳазор тонна расонида шуд, ки маблағи умумии он 180,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Ғалла» Тағоймурод Шарифов хабар дод, дар зарфи 9 моҳи соли равон ба миқдори 251 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20% зиёдтар мебошад. «Моҳҳои наздик нархи орд дар Тоҷикистон метавонад то ба 180 сомонӣ расад», – иброз дошт вай.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, агар нархи як халта орди навъи якуми воридотӣ дар моҳи июн 105 сомониро ташкил медод, пас моҳи август он ба 140 сомонӣ расид.

«Болоравии навбатии нархи орд дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест, зеро арзиши гандум дар саросари ҷаҳон боло меравад, аммо барои пешгирии камбуди он ҳаҷми зарурии гандум ба кишвар ворид мегардад», – гуфт Шарифов.

Ба иттилои вай, ояндаи наздик бо фармони президенти ҷумҳурӣ Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ ба харидории миқдори зиёди гандум аз Қазоқистон шурӯъ менамояд. «Айни замон захираҳои давлатии гандум ҳудуди 30 ҳазор тоннаро ташкил дода, баҳри устувор нигоҳ доштани бозор воридот ва ба фурӯш баровардани он идома меёбад», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистон идома дорад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 900 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудаст, ки 772 ҳазор тоннашро гандум ташкил дода, тайи ду соли ахир ин нишондиҳандаи беҳтарин мебошад.

Талаботи яксолаи Тоҷикистон ба гандум наздик ба 1,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Зиёда аз 90%-и гандум аз Қазоқистон ворид мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...