Афзоиши ду баробари ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон

Соли равон ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ду маротиба афзуда, то 515 ҳазор тонна расонида шуд, ки маблағи умумии он 180,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Ғалла» Тағоймурод Шарифов хабар дод, дар зарфи 9 моҳи соли равон ба миқдори 251 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст, ки […]


Соли равон ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ду маротиба афзуда, то 515 ҳазор тонна расонида шуд, ки маблағи умумии он 180,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Ғалла» Тағоймурод Шарифов хабар дод, дар зарфи 9 моҳи соли равон ба миқдори 251 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20% зиёдтар мебошад. «Моҳҳои наздик нархи орд дар Тоҷикистон метавонад то ба 180 сомонӣ расад», – иброз дошт вай.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, агар нархи як халта орди навъи якуми воридотӣ дар моҳи июн 105 сомониро ташкил медод, пас моҳи август он ба 140 сомонӣ расид.

«Болоравии навбатии нархи орд дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест, зеро арзиши гандум дар саросари ҷаҳон боло меравад, аммо барои пешгирии камбуди он ҳаҷми зарурии гандум ба кишвар ворид мегардад», – гуфт Шарифов.

Ба иттилои вай, ояндаи наздик бо фармони президенти ҷумҳурӣ Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ ба харидории миқдори зиёди гандум аз Қазоқистон шурӯъ менамояд. «Айни замон захираҳои давлатии гандум ҳудуди 30 ҳазор тоннаро ташкил дода, баҳри устувор нигоҳ доштани бозор воридот ва ба фурӯш баровардани он идома меёбад», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистон идома дорад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии кишвар, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 900 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудаст, ки 772 ҳазор тоннашро гандум ташкил дода, тайи ду соли ахир ин нишондиҳандаи беҳтарин мебошад.

Талаботи яксолаи Тоҷикистон ба гандум наздик ба 1,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Зиёда аз 90%-и гандум аз Қазоқистон ворид мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.