Анҷумани дуюми «Нерӯи сармоягузории вилояти Суғд» дар Хуҷанд

Date:


Дар толори хурди МД Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят Анҷумани дуюми байналмилалии иқтисодӣ дар мавзӯи “Нерӯи сармоягузории вилояти Суғд” баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар кори он раиси вилоят Қоҳир Расулзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, намояндагони мақомоти иҷроия, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ, сафирони давлатҳо, соҳибкорон ва роҳбарони ширкату корхонаҳои саноатӣ ҳузур доштанд.

Қабл аз оғози анҷуман Раиси вилоят ва меҳмонон аз намоиши маҳсулоти саноатии коргоҳҳои вилоят дидан намуданд.

Анҷумани дуюми байналмилалии иқтисодиро муовини Вазири рушди иқтисодӣ ва савдои ҶТ Умед Давлатзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки баргузории чунин чорабинии сатҳи давлатӣ барои беҳтар шудани муносибатҳои ҳамаҷониба Тоҷикистон бо шарикони рушдаш мусоидат мекунад.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар бобати манфиати баргузории анҷуман ҳарф зада, иброз дошт, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои нақшаҳои дохиливу хориҷӣ сиёсати дар-ҳои кушодро эълом дошта, барои амалӣ гардонидани он ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Имрӯз дар сиёсати иқтисодӣ давлату ҳукумат бештар ба рушди сектори хусусӣ ва ҳамакории пурмаҳсули соҳибкорон бо мақомотҳои маҳаллӣ аҳамияти бештар зоҳир менамояд. Раиси вилоят ҳамзамон зикр намуд, ки хусусан бо қабул кардани якқатор чораҷӯиҳо дар ҷодаи қонунбарорӣ, банақшагирии иқтисодиву иҷтимоӣ, ташкили дурусти кор вилояти Суғд тавонист, нерӯю имконоти солҳои 90-ум харобгаштаашро аз нав барқарор намояд.

Аз натиҷабардории солҳои 2006-2012 бармеояд, ки сармоягузорӣ 3 маротиба афзуда, аз афзоии истеҳсоли маҳсулоти саноат ва кишоварзӣ ба андозаи бештар аз 30 фоиз таъмин намуда, муомилоти савдои беруна қариб дуюним маротиба, даромади миёнаи буҷаи вилоят 4 маротиба, музди миёнаи маоши кормандон 3,5 маротиба зиёд гардид. Хотима Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки танҳо ҳамкориҳои ҳамкориҳои тахассусии соҳибкорӣ давлат ва ҷамъият метавонад, захираҳои моддии заруриро бештар ҷалб намуда, барои пешрафту тараққиёти муназзами ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ шароит фарохам оварад.

Ҳамчунин дар қисми расмии анҷуман роҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов, ҳамоҳангсозии доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар ҶТ Александр Зуев маърӯза намуданд. Зимни баромади хеш А. Зуев афзуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба он СММ таваҷҷӯҳи хоса дорад. Танҳо соли гузашта тибқи сохторҳои гуногун, бахш ва барномаҳои СММ дар Тоҷикистон зиёда аз 70 миллион доллари ИМА равона карда шудааст, ки ин дар байни давлатҳои ИДМ нишондиҳандаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин ҷо аз соли 2000-ум то кунун барои амалисозии як қатор барномаҳо аз ҷониби бахш-ҳои СММ зиёда аз 20 миллион доллар маблағгузорӣ карда шудааст.

Айни ҳол дар 14 навоҳии вилоят барномаи “Рушди деҳот” амалӣ шуда истодааст, ки аллакай ба як қатор натиҷаҳои мушаххас, аз ҷумла баланд бардоштани имконоти нерӯҳои маҳаллии меҳнатӣ, таҳияи барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафти мунтазами минтақа мусоидат намуданд.

Айни ҳол ПРООН якҷоя бо ҳукумати Финландия дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд боз як барномаеро амалӣ карда истодаанд, ки ба равнақ додани савдои байналмилалӣ, ки нигаронида шудааст.

Дар кори анҷуман, ҳамчунин роҳбари бахши Департаменти иқтисодиву экологии БЮРОИ САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Торнбъерн Бъервати, сафири фавқуллодаи Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҶТ Робин Орд Смитт , сафири фавқуллодаи Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук, сафири фавқуллодаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҶТ Аббосалӣ Гасанов Киром ӯғлӣ ва сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҶТ Ҳусайн Амҷод Сиал ибрози ақида намуданд.

Бояд гуфт, ки иштирокдорон – намояндагони давлатҳое, ки дар Тоҷикистон кишварҳои хешро намояндагӣ мекунанд бо ҳамовозии том изҳор доштанд, ки ҷонибдори ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, дар ин раванд ҳамкориро тақвият хоҳанд бахшид.

Дар ҷамъбасти анҷуман дар бобати робитаҳои оянда як зумра шартномаҳо ба тасвиб расиданд. Пас аз анҷоми кори анҷумани дуюми байналмилалии иқтисодӣ нишасти иттилоотӣ доир гашт, ки дар он ташкилкунандагони он ба ҳамаи суолҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас доданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...