Вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо ёвари котиби давлатии ИМА

Дар Вашингтон вохӯрии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва ёвари котиби давлатии Амрико Роберт Блейк баргузор гардид. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар муулоқот вазъи ҷории Осиёи Марказӣ, равандҳои сиёсии минтақа ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, тарафҳо дар бораи  озодиҳои сиёсӣ ва динӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи ОМ ва […]


Дар Вашингтон вохӯрии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва ёвари котиби давлатии Амрико Роберт Блейк баргузор гардид.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар муулоқот вазъи ҷории Осиёи Марказӣ, равандҳои сиёсии минтақа ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, тарафҳо дар бораи  озодиҳои сиёсӣ ва динӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи ОМ ва роҳҳои пешгирӣ аз рушди ифротгароӣ табодули назар карданд.

Худи ҳамон рӯз дар бинои Департаменти давлатӣ ҷаласаи васеъе бо ширкати Муҳиддин Кабирӣ ва масъулини бахшҳо ва идораҳои сиёсати хориҷии Амрико нисбат ба Осиёи Марказӣ баргузор гашт.

Хотиррасон бояд кард ки сафари роҳбари Ҳизби наҳзат ба Амрико бо даъвати Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтон барои суханронӣ дар ҳузури коршиносон ва устодону донишҷуён сурат мегирад.

Дар назар аст, ки зимни сафар якчанд вохурӣ бо ҳамватанони муқими Амрико, аз ҷумла рӯзи 19 октябр бо тоҷикони муқими Амрико дар Маркази фарҳангии исломии Ню Йорк баргузор шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.