Гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Озарбойҷон

Date:


Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Боку президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки моҳи июли соли равон зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Боку ба имзо расида буд, зоҳир гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии ду кишвар дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту комммуникатсия, энергетика ва саноат, ба хусус дар самти транзити байналмилалӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ, рушди бесобиқа пайдо мекунад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистону Озарбойҷон сурат гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related