Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба кор даъват мекунад

Date:


Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи ташкилӣ, нақлиёт, роҳу коммуникатсия, шуъбаи умури дин, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати пойтахт озмун эълон кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, озмун то 15-уми ноябр идома ёфта, натиҷаҳои он на дертар аз 20-уми ноябри соли равон эълон хоҳанд шуд. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд тавассути телефонҳои 221-62-56 ва 221-62-84 ба шуъбаи кадрҳои мақомоти шаҳрдорӣ муроҷиат намоянд.

Зимнан таъкид гардид, ки ба довталабоне, ки то соли 1992 макотиби олии ҷумҳуриро хатм намудаанд ва ё дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд,  афзалият дода мешавад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...