Фарҳод Раҳимов супоришаш ба макотиби олиро шарҳ дод

Дар робита ба супориши пурсарусадои имзошуда аз ҷониби муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов, худи номбурда изҳор кард, ки вазорат ба баргузор намудани конфронсу семинар ва тренингҳо бо иштироки донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ муқобил нест. «Дарҳои Вазорати маориф барои созмонҳои байнулмилалӣ баста нестанд. Баръакс, мо омодаем, ки онҳоро дар доир сохтани чорабиниҳои […]


Дар робита ба супориши пурсарусадои имзошуда аз ҷониби муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов, худи номбурда изҳор кард, ки вазорат ба баргузор намудани конфронсу семинар ва тренингҳо бо иштироки донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ муқобил нест.

«Дарҳои Вазорати маориф барои созмонҳои байнулмилалӣ баста нестанд. Баръакс, мо омодаем, ки онҳоро дар доир сохтани чорабиниҳои бевосита марбут ба беҳбуди сатҳи дониши толибилмон дастгирӣ кунем», – иброз дошт вай.

Муовини аввали вазири маориф мегӯяд, мувофиқи қонунгузории кишвар, муаллимонро аз фаъолияти омӯзгорӣ ва донишҷӯёнро аз таҳсил ба корҳои дигар ҷалб кардан манъ буда, донишҷӯ барои 36 соат бидуни сабаб ҳозир набудан дар машғулият аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад ва ахиран маҳз ба иллати иштирок дар чунин чорабиниҳо аксари донишҷӯён ба дарсҳо ҳозир намешаванд.

«Маҳз ба ҳамин хотир ба макотиби олӣ супориш дода шуд, ки баҳри пешгирии иштироки донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳо андешида шавад, вале ин маънои онро надорад, ки мо муқобили созмонҳои байнулмилалием. Танҳо онҳоро лозим аст, ки фаъолияти марбут ба донишҷӯёну омӯзгоронро бо Вазорати маорифи мувофиқа созанд», – иброз дошт вай.

Фарҳод Раҳимов гуфт, созмонҳои байнулмилалӣ бояд вазоратро аз чорабиниҳои пешбинишуда огоҳ сохта, рӯйхати донишҷӯёну омӯзгоронро пешкаш ва нафъи ин чорабинӣ барои онҳоро шарҳ бидиҳанд. «Танҳо дар ин ҳолат ба дарс ҳозир нашудани донишҷӯён узрнок шуморида шуда, онҳо аз мактаби олӣ хориҷ карда намешаванд», – зикр кард ӯ.

Ба қавли Ф.Раҳимов, айни замон вазорат дар робита ба ин масъала бо беш аз 30 сомзон тибқи қарордоди хаттӣ ҳамкорӣ мекунад. «Дар вақти беруназдарсӣ донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд дар ҳама гуна чорабиниҳо иштирок кунанд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр Вазорати маорифи ҷумҳурӣ мақомоти раҳбарии макотиби олиро огаҳ кард, ки баргузории конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳо бо иштироки донишҷӯён аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ба қонунгузории ҶТ мухолиф аст. Дар ин робита муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов ба мақомоти раҳбарии макотиби олӣ супориш дод, ки ин масъала таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, баҳри пешгирии ширкати донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.