Муаррифии гузориши «Роҳандозии тиҷорат-2013» дар Душанбе

Date:


Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ санаи 23-юми октябр дар Душанбе гузориши «Роҳандозии тиҷорат-2013»-ро муаррифӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, зимни конфронси видеоӣ баррасии муҳити тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мақоми кишварҳо дар гузориши нав ва ислоҳоти аз ҳама бештар дар кишварҳо суратгирифта дар назар аст.

Интизор меравад, ки дар чорабинии мазкур директори минтақавии БҶ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа, сармутахассис оид ба рушди бахшҳои хусусӣ ва молиявӣ Каролин Гегинат ва ҳамоҳангсози минтақавии рушди бахши хусусӣ ва молиявӣ Эмануэл Салинас маърӯза хоҳанд кард.

«Дар баробари роҳандозии ислоҳот аз ҷониби давлатҳо баҳри бештар мусоид сохтани қонунгузорӣ барои корхонаҳои ватанӣ, гузориши ҳамасолаи «Роҳандозии тиҷорат» ислоҳоти суратгирифта барои соддакунии оғоз ва роҳандозии тиҷорат, таҳкими шаффофият ва ҳуқуқи моликият ва беҳбуди самаранокии танзими баҳсҳои тиҷоратӣ ва ҳолатҳои варшикастагиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад», – зикр кард манбаъ.

Рейтинги муштараки осонии роҳандозии тиҷорат ба 10 нишондиҳанда асос ёфта, 185 кишварро фаро мегирад. Дар рейтинги «Роҳандозии тиҷорат-2012» Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 5 зина боло рафта, миёни 183 давлати ҷаҳон зинаи 147-умро касб намуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...