Кӯмаки Ҷопон ба беҳбуди шароити бемористони марказии ноҳияи Румӣ

«Лоиҳаи беҳтар намудани шароити бемористони марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ» аз тарафи  ҳукумати Ҷопон бо маблағи умумии 111 ҳазору 281 доллари ИМА дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба анҷом расид. Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, чанде қабл ҷаноби Такааки Коматсу, котиби сеюми, сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва […]


«Лоиҳаи беҳтар намудани шароити бемористони марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ» аз тарафи  ҳукумати Ҷопон бо маблағи умумии 111 ҳазору 281 доллари ИМА дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба анҷом расид.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, чанде қабл ҷаноби Такааки Коматсу, котиби сеюми, сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва ҷаноби Амрулло Холов, раиси ноҳияи Румӣ дар маросими ба итмомрасии лоиҳа дар ноҳияи Ҷалолидини Румии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, шабакаи обёрию обпартов ва маркази гармдиҳии бемористон зиёда аз 20 сол корношоям буд. Кормандон ва маризони бемористон аз оби берунӣ истифода мебурданд, ки дар ҳолати ғайрисанитарӣ буд. Маркази гармдиҳӣ бо хати барқ  мушкилӣ дошт, ки расишҳои зиёди электрикӣ ба назар мерасид. Ингуна мушкилот барои гузаронидани ҷарроҳӣ дар шуъбаҳои эҳё, тавлид ва шӯъбаи ҷарроҳӣ монеъа эҷод месохт. Ин ба поён овардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар бемористон оварда расонид.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа шабакаи обёрию обпартов ва маркази гармидиҳӣ аз нав барқарор карда шуд. Зиёда аз ин, шӯбаҳои ҷарроҳӣ, эҳё ва тавлид бо таҷҳизотҳои тиббӣ ба монанди оксигенератор, автоклави уфуқӣ ва дефибрилятор муҷҷаҳазонида шуд. Дар назар аст, ки зиёда аз 3000 беморон имконияти дастрас намудани хизматрасони тиббӣ дар бемористони марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румиро пайдо мекунанд

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба  ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии  ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 285 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $21.4 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.