Нисбат ба ронандаи 22-солаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкрузер» Айёмиддин Раҳмиддинзода, ки бо айби ӯ дар садамаи нақлиёт журналист Искандари Фирӯз ҷароҳат бардошт, мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ генерал-майори милиса Маҳмадсаид Саидов хабар дод.
«То ҳанӯз корҳои тафтишотӣ идома дошта, натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки дар рух додани садамаи нақлиёт Айёмиддин Раҳмиддинзода гунаҳкор аст», – зикр кард ӯ.
Бино ба маълумоти сармуфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими тафтишоти садамаҳои нақлиёти РКД-и шаҳри Душанбе Аслам Толибов, писари журналист Ҷавоншери Фирӯз дар ин парванда ба сифати шоҳид ва ҷабрдида иштирок мекунад. «Парвандаи мазкур таҳти назорати ҷиддии РБДА ва ВКД ҶТ қарор дорад. Он мӯшикофона баррасӣ шуда, дар фурсати наздиктарин ба суд фиристода мешавад», – иброз дошт муфаттиш.
Дар ҳамин ҳол, журналист Искандари Фирӯз дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) то ҳанӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Айёмиддин Раҳмиддинзодаи 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.
Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба Раёсати тафтишотӣ ва Раёсати БДА ҷиҳати таҳқиқи дақиқи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки аз он хабарнигори Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз осеб дид, супориш дода буд. Бо назардошти изҳороти созмонҳои журналистии Тоҷикистон (11-уми октябр) бобати тафтишоти мӯшикофонаи ин ҳодиса, вазир ҷараёни таҳқиқи ин қазияро таҳти назорати худ қарор дод.
Дар акс автомашинаи «Тойота-Ландкрузер»-и Айёмиддин Раҳмиддинзодаи 22-сола.


