Санаи 27-уми октябри соли равон бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ дод, корҳои асосии сохтмон дар нақб ба анҷом расида, феълан корҳои насби таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва дигар корҳои начандон назарраси ороишӣ низ дар арафаи анҷомёбианд.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки мувофиқи нақшаи ҳукумат, муҳлати ба истифода додани нақби «Шаҳристон» ба таърихи 23-юми октябр таъин гардидааст.
Қобили зикр аст, ки чорабиниҳои асосӣ дар мавриди ба истифода додани нақби «Шаҳристон» дар шаҳри Истаравшан доир мегарданд. Дар Истаравшан сохтмони варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбӣ буда, ғайр аз ин, боз мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти иҷтимоиву маишӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар назар аст.
Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 22-юми августи соли 2006 оғоз гардид.
Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.


