Намояндаи СММ фаъолияти АНМН-ро қаноатбахш арзёбӣ намуд

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо намояндаи тозатаъини минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Александ Сичев доир гардид. Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот директори Агентӣ меҳмони олиқадрро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи […]


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо намояндаи тозатаъини минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Александ Сичев доир гардид.

Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот директори Агентӣ меҳмони олиқадрро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд. Дар бораи ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамкасбони хориҷӣ аз кишварҳои ҳамсояи минтақа дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошно кард.

Рустам Назаров ба намояндаи минтақавии РСММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ дар бораи тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, ҳамчунин дар мавриди дурнамои рушди АНМН муфассал маълумот дод.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар навбати худ А.Сичев ба дастовардҳои Агентӣ дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои баланд дода, фаъолияти муваффақиятомези мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриро дар пешгирӣ аз вуруди мухаддирот ба кишвар ситоиш намуд. «Агентӣ дар айни замон хадамоти аз нигоҳи касбӣ арзишманд аст, ки метавонад аз натиҷаҳои фаъолияти худ ифтихор кунад”- гуфт ӯ.

Александр Сичев аз анбори нигаҳдории маводи мухаддир дидан намуд, бо фаъолияти Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ, шӯъбаи ташхисоти судӣ ва дигар воҳидҳои Агентӣ ошно шуд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкориҳои самарабахш миёни Агентӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар осиёи Марказӣ дар кори таҳкими мубориза бо мухаддирот ва сӯистифода аз маводи нашъаовр изҳори умед карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.