Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский бо пуштибонӣ аз ташаббуси Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари ин кишвар аз сафари тоҷикистониён ба Русия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ҷонибдорӣ кардааст.
Қаблан мақомоти раҳбарии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия чандин маротиба изҳор карда буд, ки тартиби вуруди шаҳрвандони кишварҳои бидуни раводид ба ин кишвар ба тасҳеҳ ниёз дорад.
Директори Хадамоти мазкур Виктор Иванов дар ин робита чунин ибрози андеша намуда буд, ки барои вуруди шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ба Русия мебояд шиносномаи хориҷиро ҷорӣ намуд, вале таъкид дошт, ки барои сокинони ин кишварҳо «ба ҳеҷ ваҷҳ» раводид ҷорӣ кардан лозим нест.
«Вуруд ба Русия бо шиносномаи хориҷиро ман ҷонибдорӣ мекунам», – гуфтааст дар шарҳи ин масъала Ромодановский . Ӯ иброз доштааст, ки ин масъалаи мушкил аст, вале онро «мебояд ҳал намуд».
Ромодановский таъкид кардааст, ки ин масъала пеш аз ҳама ба шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон дахл дорад.
«Мавҷудияти шиносномаи хориҷӣ ба кам шудани монеъаҳо барои будубош дар Русия имкон фароҳам оварда, ба қонунӣ дар қаламрави Русия қарор доштани муҳоҷирон мусоидат менамояд», – гуфтааст номбурда.
Қобили зикр аст, ки айни замон шаҳрвандони Белорус, Украина, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ метавонанд бидуни шиносномаи хориҷӣ ба қаламрави Русия ворид шаванд.


