Афзоиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои узви ИДМ

Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия коҳиш ёфта, аз кишварҳои дигари узви ИДМ – Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон афзуд. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ба кишвар 273 ҳазору 126 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта […]


Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия коҳиш ёфта, аз кишварҳои дигари узви ИДМ – Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон афзуд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ба кишвар 273 ҳазору 126 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 60 ҳазор тонна камтар аст. Дар ҳамин ҳол, маблағи умумии маҳсулоти нафтии воридшуда 307 млн. 312 $ ва арзиши ҳар як тонна маҳсулоти нафтӣ ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 125 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта қимати миёнаи маҳсулоти нафтӣ барои 1 тонна 994,7 $-ро ташкил дода, бинобар сабаби дар ҳаҷми зиёдтар ворид шудани маҳсулот, маблағи умумии он ба 331,8 млн. доллари ИМА баробар буд.

Аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишвории воридгардида ба Тоҷикистон ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия 50,4% (ҳамин давраи соли гузашта – 83,3%), Туркманистон – 18,1% (соли гузашта – 12,1%), Қазоқистон – 4,1% (соли гузашта – 2,3%), Қирғизистон – 10,1 (соли гузашта 0,5%) ва Ӯзбекистон – 2,6% (соли гузашта – 0,9%)-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.