Вокуниши сафорат ба нашри «Роҳнамои муҳоҷирони корӣ»

Сафорати Тоҷикистон дар Русия нашри «Роҳнамои муҳоҷирони корӣ» дар Санкт-Петербургро маҳкум намуда, изҳор медорад, ки ин амали номатлуб ва таҳқири рӯйирости муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикистониёни машғули кор дар кишвари иқомат мебошад. Дар иттилои интишоргардидаи сафорат дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, ашхос ё гурӯҳҳои алоҳида, ки аз иғвову дасиса ва таҳқиру озор  барои […]


Сафорати Тоҷикистон дар Русия нашри «Роҳнамои муҳоҷирони корӣ» дар Санкт-Петербургро маҳкум намуда, изҳор медорад, ки ин амали номатлуб ва таҳқири рӯйирости муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикистониёни машғули кор дар кишвари иқомат мебошад.

Дар иттилои интишоргардидаи сафорат дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, ашхос ё гурӯҳҳои алоҳида, ки аз иғвову дасиса ва таҳқиру озор  барои пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки худ, яъне халалпазир кардани раванди осоиштаи кору зиндагии мардум ва ба вуҷуд овардани тирагиҳо миёни қавму миллатҳои гуногун кор мегиранд, ба мақсад нахоҳанд расид, зеро ин амали нораво аз сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва соҳибфарҳанг ба ҳеҷ ваҷҳ ва ба ҳеҷ сурат мавриди пуштибонӣ қарор нахоҳад гирифт.

«Сафорат бар он аст, ки ин амалкарди ношоями дастандаркорон мавриди баррасии ҷиддии мақомоти дахлдори кишвари иқомат қарор гирифта, дар роҳи ҷилавгирӣ аз зуҳури чунин падидаҳои номатлуб чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд», – омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.