Мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо раиси Шӯрои муфтиҳои Русия

Date:


Рӯзи сешанбе Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН, бо раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, шайх Равил Гайнутдин вохурӣ анҷом дод.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ иттилоъ доданд, Равил Гайнутдин аз вохӯриҳо ва ҳамкориҳои густардаи масъулини динии Русия бо бародарони тоҷики хеш изҳори қаноатмандӣ намуда, онро ба манфиати масалмонони ду кишвар донист.

Ӯ аз вохӯриҳои қаблии хеш бо раиси Марказии исломии Тоҷикистон, ҷаноби Сайидмукаррам Абдулқодирзода ва сафари бародарон Тураҷонзодаҳо ба Русия ёдовар шуда, онҳоро иқдомҳои муҳим барои шиносоии бештар ва таҳкими дустиву бародарии миллатҳо ва кишварҳо номид.

Инчунин, ҷаноби Гайнутдин аз мавқеъи муътадилу созандаи ҲНИТ ва фаъолияти муассири фарҳангиву равшангароии он дар байни муҳоҷирин ва миллатҳои сокини Русия ҷонибдорӣ намуда, саҳми тоҷиконро дар рушди фарҳанги исломӣ қобили аҳамият донист.

Раиси ҲНИТ бо ишора ба аҳамияти рушди андешаҳои муътадил ва асили исломӣ ҳамчун омили пешгирандаи ифротгароӣ дар байни мусалмонон, ба хусус ҷавонон, нақши уламо ва пешвоёнро муҳим дониста, фаъолияти шахсии Равил Гайнутдинро намуна арзёбӣ кард.

Муҳиддин Кабирӣ низ ишора намуд, ки уламо ва роҳбариятҳои динӣ дар минтақаи мо бояд аз ихтилофҳо ва ҷудоиандозиҳо канораҷуйӣ намуда, ҳамкории бештар дошта бошанд ва нерӯҳои солими ҳама ҷомеъаҳо бояд атрофи арзишҳои муштарак ҷамъ шаванд ва ин потенсиали бузургро дар хидмати миллатҳо ва кишварҳои худ бигузоранд.

Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки иртиботҳоро қавитар намуда, чорабиниҳои муштарак байни муҳоҷирин анҷом диҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...