Бунёди яке аз варзишгоҳҳои бузурги кишвар дар Истаравшан

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми октябр дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан пас аз таъмиру таҷдид барои 20 ҳазор нафар тамошобинон ширкат хоҳад варзид. Маҳз дар ҳамин варзишгоҳ чорабиниҳои асосӣ ба муносибати ба истифода додани нақби «Шаҳристон баргузор мешаванд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин робита вохӯрии даври […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми октябр дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан пас аз таъмиру таҷдид барои 20 ҳазор нафар тамошобинон ширкат хоҳад варзид.

Маҳз дар ҳамин варзишгоҳ чорабиниҳои асосӣ ба муносибати ба истифода додани нақби «Шаҳристон баргузор мешаванд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин робита вохӯрии даври 22-юми Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ байни дастаҳои «Истаравшан» ва «Парвоз», ки бояд санаи 27-уми октябр дар ин варзишгоҳ доир мегардид, ба рӯзи 22-юми ноябр мавқуф гузошта шуд.

Ғайр аз ин, Бюрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор кардааст, ки вохӯрии даври 22-юми Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ байни дастаҳои «Хайр» ва «Энергетик» аз санаи 28 ба 25-уми октябр гузаронида шуда, бозии дастаҳои «Вахш» ва «Хайр» аз даври 17-ум ба санаи 30-юми октябр таъин карда шавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.