Дорандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева ба шавҳар баромад. Маросими ақди никоҳи ӯ рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мавзуна Чориева дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳамсари ӯ боксчӣ Амон Бобоев аст. «Албатта, ман варширо дӯст медорам, вале оила барои ман муҳимтар аст», – гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки пас аз дастовард дар Олимпиадаи Лондон мақомоти шаҳрдории пойтахт ба Мавзуна Чориева манзили сеҳуҷрагӣ, ҳукуматдорони Кӯлоб хонаи 5-ҳуҷрагӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон манзили 2-ҳуҷрагӣ тақдим карданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгардухтарро бо ордени «Шараф» ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ намуд. Ҳукумати вилоятҳои Суғду Хатлон низ Мавзуна Чориеваро бо мукофотпулиҳои гуногун сарфароз гардониданд.
Мавзуна Чориева ваъда дода буд, ки дар Бозиҳои навбатии Олимпиада дар Бразилия соли 2016 барои дастаи Тоҷикистон медали тило ба даст хоҳад овард.
Аммо имрӯз ӯ мегӯяд, ки ба муддати як сол «варзишро тарк мегӯяд», зеро кӯдак ба дунё оварданӣ аст. «Ҳамсараму оилаашон муқобил нестанд, ки ман бо варзиш машғул бошам, вале ман тасмим гирифтам, ки пас аз ба дунё овардани тифл ба варзиш машғул хоҳам шуд ва ин ба омодагии ман халал намерасонад. Агар дар тақдирам гирифтани медали тило сабт шуда бошад, пас ман онро ба даст оварда, оилаам барои ин монеъа эҷод нахоҳад кард», – мегӯяд Мавзуна.


