Даъвати варзишгари маъруфи рус перомуни эҳёи спартакиадаҳо

Аз 24 то 27-уми октябр дар ҳайати вакилон, аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ варзишгари шинохтаи ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чемпиони секаратаи олимпӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон, чемпиони ёздаҳкаратаи Аврупо дар рақси рӯи ях, вакили Думаи давлатии Русия ва узви ҳизби умумирусиягии «Русия воҳид» (Единая Россия) Ирина Роднина дар […]

ASIA-Plus


Аз 24 то 27-уми октябр дар ҳайати вакилон, аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ варзишгари шинохтаи ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чемпиони секаратаи олимпӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон, чемпиони ёздаҳкаратаи Аврупо дар рақси рӯи ях, вакили Думаи давлатии Русия ва узви ҳизби умумирусиягии «Русия воҳид» (Единая Россия) Ирина Роднина дар Душанбе қарор дошт.

Зимни боздид аз Тоҷикистон ҳайати вакилони Русия дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ширкат варзида, ҳамчунин бо раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид карданд.

Дар вохӯрии мазкур варзишгари маъруфи рус изҳор кард, ки барои рушди бештар босуръати варзиш мебояд баргузории мусобиқоти спартакиадаҳои замони шӯравиро эҳё намуд.

Ӯ итминон дод, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба рушди варзиши кӯдакона дар кишварҳои пасошӯравӣ мусоидат хоҳад намуд. «Дар солҳои нахусти баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба соҳаи варзиш начандон таваҷҷуҳе зоҳир мегардид, зеро он хароҷоти зиёдеро тақозо мекард, вале мо аз ҳам дур нашудаем. Дар тамоми мусобиқот мо мудом мухлисони ҳамдигарем», – иброз дошт Ирина Роднина.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.