Баррасии стратегияи зиддимухаддиротии СААД дар Бишкек

Дар ҷаласаи XII-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Бишкек як қатор қарорҳои марбут ба такмили фаъолияти муштараки ин ниҳодҳо қабул шуданд. Дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров намояндагӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз […]


Дар ҷаласаи XII-уми Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Бишкек як қатор қарорҳои марбут ба такмили фаъолияти муштараки ин ниҳодҳо қабул шуданд.

Дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров намояндагӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар ҷаласа аз фаъолияти Шӯро дар соли 2012 ва тамринҳои нахустини фавриву тактикии воҳидҳои махсус тахти унвони «Гром-2012» натиҷагирӣ шуда, масоили ҳамкорӣ дар бахши фаъолияти фавриву ҷустуҷӯӣ, табодули мутақобилаи маълумот, омодасозиии кадрҳо ва нақшаи фаъолият дар соли 2013 баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа ба баррасии стратегияи зиддимухаддиротии кишварҳои узви СААД ва баланд бардоштани самаранокии амалиёти минтақавии зиддимухаддиротии «Канал» таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои мутақобилаи Шӯро бо воҳидҳои марбутаи Созмони ҳамкории Шанхай, Гурӯҳи авруосиёии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм ва дигар саозмонҳои байнулмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД 23-юми июни соли 2005 таъсис дода шуд. Кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия узви СААД мебошанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.