Табодули барқияҳои шодбошӣ миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарвари давлати Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Тоҷикистон анъанаҳои бисёрасраи муносибатҳои дӯстона ва ҳамҷаворӣ миёни мардуми ду кишварро гиромӣ медораду қадр […]


Ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарвари давлати Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Тоҷикистон анъанаҳои бисёрасраи муносибатҳои дӯстона ва ҳамҷаворӣ миёни мардуми ду кишварро гиромӣ медораду қадр мекунад.

«Бо такя ба он мо аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолӣ ба рушди тамоми маҷмӯи муносибатҳои созанда дар асоси баробарӣ, эҳтироми ҳамдигар ва назардошти мутақобилаи манфиатҳо миёни кишварҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем», – баён мегардад дар барқия.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозад, ки «кӯшишҳои муштараки мо имкон медиҳанд, ки натанҳо ба таҳдидҳои имрӯза истодагарӣ намоем, балки баҳри некӯаҳволии мардум ва таҳкими амнияти минтақавӣ ба сатҳи сифатан нав расидани муносибатҳо миёни давлатҳо муваффақ шавем».

Дар барқияи президенти Ӯзбекистон Ислдлом Каримов ба унвони сарвари давлати Тоҷикистон изҳор мегардад, ки «муносибатҳои чандинасраи дӯстиву эҳтироми ҳамдигар, умумияти таъриху мазҳаб, расму оин ва мушкилоти ҳамгуна тоҷикону ӯзбеконро ҳамеша дар роҳи расидан ба беҳбудӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқҳо муттаҳид месозанд».

Дар барқия Ислом Каримов изҳори итминон кардааст, ки чунин муносибатҳои аз имтиҳони таърих сарбаландона гузашта минбаъд низ боқӣ хоҳанд монд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.