Ҳаҷми захираи тилову асъори Тоҷикистон 22 млн. $ афзуд

Дата:


Дар зарфи се моҳ ҳаҷми умумии захираи тилову асъори Тоҷикистон ба миқдори 22,4 млн. $ афзуда, аз рӯи натоиҷи 9 моҳи соли ҷорӣ 878,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, таври маъмул дар тамоми давлатҳо ҳаҷми захираи тилову асъор дар берун аз кишвар, дар суратҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ нигоҳдорӣ мешавад. «Ин амал барои таъмини бехатарии ин захираҳо сурат мегирад», – гуфтанд дар БМТ.

Ба иттилои манбаъ, захираи тилову асъори Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти давлатии танзимгари сиёсати пуливу қарзӣ қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонад барои маблағгузорӣ ба касри тавозуни пардохтӣ, маблағгузорӣ ба бозорҳои асъор, ки ба қурби асъори миллӣ таъсиргузоранд, истифода гардад.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное