Омӯзиши таъсиси моделҳои «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб»

Date:


Аз 1 то 3 ноябр дар вилояти Суғд ва аз  9 то 11 ноябри соли 2012 дар ВМКБ  бо дастгирии барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и  Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва лоиҳаи шабакавии «Рушди барвақти»-и Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Лондон барои намояндаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимият, мудирони шӯъбаву идораҳои маориф ва омӯзгорон аз ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Тавилдара, Тоҷикобод ва шаҳрҳои Қайроққуму Хоруғ омӯзишҳо оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» баргузор мегарданд.

Тавре аз дафтари Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии баргузории омӯзишҳо – таҷриба кардани лоиҳаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» дар маҳалҳое мебошад, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд ва ё фарогирии кӯдакон бо хизматрасонии таҳсилотӣ дар сатҳи паст қарор доранд.

Ҳадафи рушди барвақтии кӯдак барои дастрасии босифати таҳсилот ба кӯдаконе равона шудааст, ки имконияти гирифтани таҳсилоти томактабиро надоранд ва ё барои ин дар системаи маориф ва ё умуман дар ҷомеа садде мавҷуд аст. 

Таъсиси марказҳои ҷойгузини омода кардани кӯдакон ба мактаб – ин таъмини ҳуқуқи ҳар як кӯдак ба таҳсилоти босифати барвақтӣ мебошад.

Таъсиси Марказҳои ҷамъиятӣ чунин ҳадафҳо доранд:

•Таъсиси муҳити солим барои рушди ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд ва аз оилаҳои камбизоат;

•Мусоидат ба рушди ҷисмонӣ, шинохтӣ ва иҷтимоиву эҳсосии кӯдакон;

•Мусоидат ба шарикии оилаҳо чун тарбиятгарони асосии кӯдакон ва таъмини дастгирии зарурии волидон ва вассиҳои қонунӣ дар рушди кӯдакон. 

Феълан дар Тоҷикистон қариб  93 фоизи кӯдакони хурдсол аз таҳсилоти томактабӣ, ки давлат аз тариқи маблағгузории буҷавӣ кафолат медиҳад, маҳрум мондаанд. Ҳамин аст, ки масъалаи рушди барвақтии кӯдакон ва таҳсилоти томактабӣ дар системаи ислоҳоти соҳаи маориф муҳим арзёбӣ мешавад. 

Вобаста ба вазъи мушкили иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъсиси моделҳои ҷойгузини таҳсилоти томактабӣ муҳим буда, яке аз онҳо таъсиси Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб мебошад, ки он дар Тоҷикистон ташаббуси нав маҳсуб мешавад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...