Шахсияти гунаҳкори садамаи журналист муайян шуд

Шуъба оид ба садамаҳои нақлиёти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ шахсияти гунаҳкор дар садамаи нақлиёт, ки бар асари он журналист Искандари Фирӯз осеб дид, муайян кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Саидбек Фозилов, ҳимоятгари журналист иттилоъ дод, ин шахс сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Шарифов Раҳматуллои 33-сола будааст, ки бо ваколатнома автомашинаи «Ландкрузер»-и мутаалиқ ба Айёмиддин Раҳмиддинзодаро […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Шуъба оид ба садамаҳои нақлиёти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ шахсияти гунаҳкор дар садамаи нақлиёт, ки бар асари он журналист Искандари Фирӯз осеб дид, муайян кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Саидбек Фозилов, ҳимоятгари журналист иттилоъ дод, ин шахс сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Шарифов Раҳматуллои 33-сола будааст, ки бо ваколатнома автомашинаи «Ландкрузер»-и мутаалиқ ба Айёмиддин Раҳмиддинзодаро идора мекардааст.

Ба эътиқоди ҳимоятгар, дар ин маврид мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иштибоҳи дағалона роҳ додаанд, зеро тибқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурӣ, қабл аз оғози парвандаи ҷиноӣ муайян кардани шахсияти гумонбаршуда зарур аст. «Акнун мо дар ташвишем, ки дар натиҷаи ин иштибоҳ шояд зимни тафтиш мушкилоте пеш ояд, аз ин рӯ, ба гурӯҳи тафтишотӣ дархост фиристоданием, то ки онҳо айбдоршавандаро дар боздоштгоҳ нигоҳ доранд», – гуфт ӯ.

Ҳимоягари журналист аз оғози парвандаи ҷиноӣ танҳо мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ ( Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) розӣ нест. Ӯ мегӯяд, ба парвандаи ҷиноӣ бояд моддаи 127 (Дар хатар монондан) низ ҳамроҳ гардад, зеро гунаҳкори садама аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, журналисти осебдида ва писари ӯро дар ҳолат вазнини бидуни кӯмак гузошт.

«Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ронандаи автомашинаи «Ланд-крузер» аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст. Муддати ним соат онҳо кӯшиш кардаанд, ки дарҳои басташудаи автомашинаро боз намуда, журналистро аз он бурун оранд ва муддати зиёде автомашинае пайдо накардаанд, ки ӯ ва писарашро ба бемористони наздиктарин мунтақил созанд. Аз ин рӯ, ин парванда бояд натанҳо мутобиқи моддаи 212, балки мутобиқи моддаи 127-и КҶ ҶТ низ баррасӣ шавад», – изҳор кард ҳимоятгар.

Дар ҳамин ҳол, вазъи хабарнигори бахши форси Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ҳамоно хеле вазнин арзёбӣ мешавад. Табибони журналист дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор карданд, ки дар як шабонарӯз ӯро ба муддати чанд соате аз дастгоҳи сунъии ҳавософкуни шуш ҷудо мекунанд ва бемор ба нафаскашии мустақилона кӯшиш менамояд. «Аммо мо дарҳол дастгоҳро комилан ҷудо карда наметавонем, зеро бемор ҳоло заиф буда, вале баҳри ҳаёт муббориза мебарад», – гуфтанд табибони Маркази миллии тиббӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.