Гумонбарии роҳбари «Ориён-Коттон» ба қаллобӣ

Директори генералии корхонаи «Ориён-Коттон», шаҳрванди 62-солаи Эрон Ҳақсифат Абдулмуҳаммад Аббос ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, далели даст ба қаллобӣ задани номбурда рӯзи 18-уми октябр аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳри Душанбе ошкор карда шудааст. «Муайян гардид, ки ӯ тӯли ду соли ахир аз ташкилотҳои […]

ASIA-Plus


Директори генералии корхонаи «Ориён-Коттон», шаҳрванди 62-солаи Эрон Ҳақсифат Абдулмуҳаммад Аббос ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, далели даст ба қаллобӣ задани номбурда рӯзи 18-уми октябр аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳри Душанбе ошкор карда шудааст.

«Муайян гардид, ки ӯ тӯли ду соли ахир аз ташкилотҳои гуногун барои харидани нахи пахта беш аз 3 млн. сомонӣ гирифта, онро азхуд ва барои эҳтиёҷоти шахсии худ масраф намудааст», – гуфтанд дар ВКД.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.