Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» ба фаъолияти худ тибқи лоиҳаи «Роҳ ба ҳаёти мустақилона» идома мебахшад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари кории ассотсиатсия хабар доданд, лоиҳа аз ҷониби созмони байнулмилалии Caritas-Germany маблағгузорӣ шуда, ҳадаф аз он дастгирӣ ва расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба хатмкунадагони мактаб-интернатҳои вилояти Суғд аст.
Чанде қабл ба муносибати идомаи фаъолият дар ин самт дар дафтари кории ташкилот маросими ифтитоҳи Маркази захираҳои «Оғоз» доир гардид, ки дар он хатмкунандагони мактаб-интернатҳо вақти холигии худро муфид гузаронида, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ барпо менамоянд.
Дар ин ҷо ҳуқуқшинос ва корманди иҷтимоӣ ба ҷавонон кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ пешниҳод намуда, марказ бо синфи компютерӣ, шабакаи Интернет ва китобхонаи дорои 700 нусха китобҳо дар бахшҳои гуногун муҷаҳҳаз гардидааст.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Роҳ ба ҳаёти мустақилона» бо дастгирии созмони Caritas-Germany то охири соли равон амалӣ мегардад.



