Искандари Фирӯз ба Маркази тиббии «Сино» мунтақил шуд


Журналисти бахши форси хабаргузории Би-Би-Сӣ Искадари Фирӯз, ки бар асари садамаи нақлиёт ҷароҳати вазнин бардошта буд, имрӯз аз шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қария Боло) ба маркази тиббии «Сино» мунтақил гардид.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хоҳари журналист Парвонаи Фирӯз изҳор кард, ки айни замон бародараш ба ҳуш омада, вазъи солимиаш муътадил арзёбӣ мешавад. «Акнун ӯ муддати чанд моҳи дигар дар маркази тиббии «Сино» баҳри барқароршавиии вазъи солимиаш табобат мегирад», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки бародараш муддате чанд дар шуъбаи эҳёгарии дармонгоҳи «Сино» табобат гирифта, сипас ба палатаи оддӣ гузаронида мешавад. «Ҳоло маълум нест, ки пойҳои ӯро кай ҷарроҳӣ мекунанд, зеро зарур аст, ки организми ӯ мустаҳкам гардида, барои ҷарроҳии нав омода карда шавад», – афзуд Парвонаи Фирӯз.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Айёмиддин Раҳмиддинзодаи 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба Раёсати тафтишотӣ ва Раёсати БДА ҷиҳати таҳқиқи дақиқи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки аз он хабарнигори Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз осеб дид, супориш дода буд. Бо назардошти изҳороти созмонҳои журналистии Тоҷикистон (11-уми октябр) бобати тафтишоти мӯшикофонаи ин ҳодиса, вазир ҷараёни таҳқиқи ин қазияро таҳти назорати худ қарор дод.

spot_imgspot_img

Популярное