Дар вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Ён Ҷон-Ку масъалаи имзои созишномаи байниҳукуматӣ миёни кишварҳо «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти хадамоти мазкур хабар доданд, зимни мулоқот дипломати кореягӣ зикр кардааст, ки бо дархости баррасии масъалаи мазкур ба Вазорати меҳнати кишвараш нома ирсол карда, ба имзои чунин созишнома ҷонибдор аст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои баррасиву мувофиқасозии як қатор масоил як ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Сеул сафар хоҳанд кард.
Сафир зикр кардааст, ки тибқи маълумоти мавҷуда, айни замон дар Кореяи Ҷанубӣ ҳудуди 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки миёни онҳо тоҷирону сармоягузорон низ ҳузур доранд.
Сафиалло Девонаев пешниҳод кардааст, ки 50-100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои омӯзиш ба корхонаи истеҳсоли микроавтобусҳои «Хюндай-Старекс» ба Корея фиристода шаванд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаи омӯзиши забони кореягӣ аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик низ табодули назар намуданд.





